ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлони Тоҷикистон ва Палатаи савдои Қуния санади ҳамкорӣ ба имзо расид, иттилоъ додааст сафорати Тоҷикистон дар Туркия.
Ҳамзамон манбаъ иттилоъ додааст, ки миёни МОИ “Данғара” ва Парки технологии “Билишим Вадиси” санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Санадҳои мазкур дар доираи Форуми минтақавии дуҷонибаи “Вохӯрии байниминтақавии соҳибкорони вилояти Хатлони Тоҷикистон ва шаҳри Қунияи Туркия” ба имзо расидааст.
Қайд карда шудааст, ки дар МОИ “Данғара” бо иштироки доираи васеи ширкатҳои тоҷикию туркӣ, роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Форуми минтақавии дуҷонибаи “Вохӯрии байниминтақавии соҳибкорони вилояти Хатлони Тоҷикистон ва шаҳри Қунияи Туркия” бо назардошти нишастҳои тиҷоратии кории “В2В” баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки аз 4 то 8 сентябр бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Анқара ва дигар вазорату идораҳои Тоҷикистон ва Туркия ҳайати тиҷоратии шаҳри Қунияи Туркия барои дарёфти роҳҳои нави тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ба Тоҷикистон сафарбар гардид.
6 сентябр ҳайати тиҷоратии шаҳри Қунияи Туркия ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, баъд аз мулоқот бо роҳбарияти вилоят ва ноҳия аз Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” ва дигар корхонаҳои саноатӣ боздид ба амал овард.