ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шанхай дар Самарқанд ширкат мекунад. Дар ин бора котиби матбуотии Кремл Дмитрий Песков хабар дод.
"Мо интизори як чорабинии хеле муҳим ва бо ҳузури намояндаҳои зиёдем, ки дар чунин шакл бемисл мебошад", - гуфт ӯ дар суҳбат бо рӯзноманигорон.
Ба гуфтаи Песков, дар доираи иштироки Путин дар нишасти сарони СҲШ як қатор “тамосҳои хеле муҳими байналмилалӣ” анҷом хоҳанд ёфт.
Намояндаи раҳбари Русия афзуд, омодагӣ ба ин чорабинӣ идома дорад ва ҷузъиёти он баъдан маълум хоҳад шуд.
Мумкин аст, ки дар ҷараёни ин ҳамоиш сарвари давлат бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон дидору гуфтугӯ кунад.
Қаблан Путин бо ин ду раҳбари Осиёи Марказӣ суҳбати телефонӣ дошта, омодагиҳо ба ин чорабинии дарпешистодаро баррасӣ карда буд.
Нишасти сарони СҲШ рӯзҳои 15-16 сентябр дар Самарқанд баргузор мешавад. Дар ин нишаст сарони кишварҳои узви ин созмон тасмим гирифтаанд, ки 28 санадро қабул кунанд.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.