"Истиқлол" якум шуд: натиҷаи бозиҳои даври 14-уми чемпионати Тоҷикистон

Натиҷаҳои як бозии мавқуфмондаи даври сеюм ва бозиҳои даври чордаҳуми Чемпионати Тоҷикистон дар риштаи футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ маълум шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тафсилоти бозиҳои даври 14-уми қаҳрамонӣ миёни дастаҳои Лигаи олии ҷумҳуриро нашр кард.
Ба иттилои манбаъ, дар бозии мавқуфмондаи даври сеюм "Истиқлол" бар тими "Истаравшан" бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Ҳар се голро Шервонӣ Мабатшоев ба ҳадаф расонд.
Тими "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода силсилаи бозиҳои бебарорро дар Чемпионати Тоҷикистон-2022 идома дода, таҳти роҳбарии Ҳикмат Фузайлов бори нуҳум дучори бохт шуд. Тим ин дафъа аз "Эсхата"-и Хуҷанд бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда, муаллифи голи ягона Санҷар Рихсибоев мебошад.

Бозӣ миёни дастаҳои "Истаравшан" ва "Равшан"-и Зафаробод мусовӣ - 2:2 анҷом ёфт. Ду голи "Истаравшан"-ро Отабек Зокиров, голҳои тими Зафарободро Бахтиёр Зарипов ва Ҷаҳонгир Алиев заданд.
Аз ту буд - аз ман шуд: натиҷаи интиқолҳои тобистонаи футбол дар Тоҷикистон
Дар бозии дигар голи ҳамлагар Муҳаммадалӣ Азизбоев дар дақиқаи 90+1 ғалабаи "Равшан"-и Кӯлобро бар КМВА таъмин намуд.
"Истиқлол"дар бозии дуюмаш низ бар дастаи "Файзканд"-и Восеъ бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Ба голи задаи бозигари "Файзканд" Аббос Андалебов, душанбегиҳо тавассути Манучеҳр Ҷалилов бо 2 гол ва Шервонӣ Мабатшоев посух доданд.
"Хуҷанд" бо голи задаи легионери ӯзбекистонӣ Хушнудбек Бозоров бар тими “Хатлон” пирӯз гардид.

Кумитаи миллии олимпӣ афзуд, ки "Истиқлол"-и Душанбе пас аз ду пирӯзии ҳафтаи гузашта бо 27 хол ба ҷои аввали ҷадвали чемпионат баромад. "Равшан"-и Кӯлоб, ки 23 хол дорад, дар ҷои дуюм, "Хуҷанд" бо 22 хол дар ҷои сеюм ҷой гирифтаанд.
Таъкид гардидаст, ки бозиҳои даври навбатӣ 10-11 сентябр ба нақша гирифта шудаанд.