Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои хориҷаи Тоҷикистону Русия барои солҳои 2022-2023 дар шаҳри Маскав ба имзо расид.
Санади мазкурро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва ҳамтои русаш, Сергей Лавров ба имзо расонданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ, дифоъ ва амният, сиёсати муҳоҷират, омодасозии кадрҳо, бехатарии биологӣ, мушкилоти эпидемиологӣ ва амнияти иттилоотиро баррасӣ кардаанд.
Барномаи мулоқоту чорабиниҳо дар сатҳи олӣ то охири соли 2022 аз масоили меҳварии дигари ин музокирот арзёбӣ шуданд.
Сафари расмии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон дар ҳоли барномарезӣ қарор дорад, гуфт дар доираи музокирот Сироҷиддин Муҳриддин.
"Аз масъалаҳои асосӣ омодасозӣ ва баргузор намудани сафари расмии президенти Русия ба Тоҷикистон мебошад", - изҳор дошт Муҳриддин зимни муаррифии масоили музокироташ бо Лавров.
Таъкид шуд, ки мулоқоту музокирот дар сатҳи вазирони умури хориҷӣ таконе барои таҳкими ҳамкориҳо буд.