ДУШАНБЕ, 5 сен – Sputnik. Замони ҳаракат ва шумори қатораҳои мусофирбар аз Хуҷанд ба Волгоград маълум шуд.
Убайдулло Обидов, сардори Идораи Роҳи оҳан дар Хуҷанд зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки 7 сентябр аввалин қатораи мусофирбарии самти Хуҷанд – Волгоград ба роҳ мабароя
Ба гуфтаи вай, ҳар ҳафта рӯзи чаҳоршанбе ҳаракати қатора аз Хуҷанд ба самти Волгогради сурат хоҳад гирифт.
“Баъд аз таваққуфи беш аз ду сола ҳаракати қатораҳои мусофирбар ба самти Русия аз сар гирифта шуд. Мо ҳолати техникии қатораҳо пурра ташхис намуда барои ба роҳ баромадан омода намудем. Рӯзи 7 сентябр соати 13: 00 қатораи иборат аз даҳ вагон бо навъи купей ва платскарт ба роҳ мебарояд”- иттилоъ дод, Обидов.
Сардори Идораи Роҳи оҳан дар Хуҷанд афзуд, қатора нисбат ба дигар намуди нақлиёти мусофирбар бартариҳои худро дорад ва яке аз ин бартариҳо шароити кушод ва арзиши роҳкиро аст, ки нисбат ба ҳавопаймо арзонтар аст.
Бино ба иттилоъи масъулини Роҳи оҳан арзиши билети сафар бо қатора аз Хуҷанд ба шаҳри Волгоград вобаста ба навъи вагон 1200 – 1300 сомонӣ муқаррар шудааст.
Сурат гирифтани ҳаракати қатор аз шимоли кишвар, сеюмин масири мусофирбарӣ ба самти Русия гуфта мешавад.
Рӯзи 16 август аз шаҳри Кӯлоб ва 27 август аз шаҳри Душанбе қатораҳо баъд аз танаффӯси беш аз ду сола ба роҳ баромада буданд.
Ба ин тариб рӯзи сешанбею шанбеи ҳар ҳафта аз шаҳрҳои Кулобу Душанбе ва рӯзи чаҳоршанбе аз Хуҷанд ҳаракати қатораҳо ба самти Волгогради Русия дар назар дошта шудааст.
Масъулини идораи роҳи оҳан мегуянд, баъди расида ба Волгоград мусофирон метавонанд тавассути дигар қатораҳои кироӣ сафари худро ба шаҳрҳои дигари Русия идома дода метавонанд.
Идораи хадамоти муҳоҷират дар Суғд мегуянд, давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ 139 ҳазор сокини ин вилоят танҳо аз тариқи ҳавопаймо ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтаанд. Омори онҳое, ки аз тарқи фурудгоҳи кишвари Ӯзбекистон сафар кардаанд, ки ин рақамро изофа мекунад.