Дар Тоҷикистон ҳам "Диктанти ғалаба" навиштанд: ғолибро чӣ интизор аст?

Садҳо нафар дар Тоҷикистон, аз сокинони мулкӣ то низомиёни Русия дар мавзуи воқеоти Ҷанги Бузурги Ватанӣ "Диктанти ғалаба" навиштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Зиёда аз 200 нафар дар Тоҷикистон донишашонро дар "Диктанти ғалаба" санҷиданд. Ба иттилои баргузоркунандагон, аз ҷумла низомиёни Русия дар Тоҷикистон ва аъзои оилаашон дониши худро дар ин бахш санҷиданд.
Дафтари матбуоти ҳавзаи марказии низомии Русия аз ҷумла иттилоъ дод, ки дар ин чорабинии маърифатӣ, ҳарбиёни пойгоҳи 201-ум, қисми низомии 52168 ё худ Маҷмааи "Окно" ва аъзои оилаашон иштирок доштанд. Ба иштирокдоро, суолҳо дар мавриди ҶБВ дода шудаст.
"Чорабинӣ дар маконҳои гуногун, аз ҷумла дар хонаҳои рус дар Душанбе ва Хуҷанд, инчунин маркази фарҳангию маърифатии Русия - "Эҷодиёт" дар шаҳри Турсунзода баргузор гардид", - омадааст дар иттилоия.
Таҷлили Ғалаба дар Суғд: Аҳмадзода гуфт, чаро ин сана бояд ҳамеша таҷлил шавад - аксҳо
Натиҷаи диктант моҳи октябр ҷамъбаст мешавад. Ғолибон соли оянда ба гузашти низомии 9 май дар Майдони сурх даъватнома мегиранд. Илова бар ин, ҳангоми дохилшавӣ ба донишгоҳҳо барои довталабони иштироккарда холҳои иловагӣ илова карда мешаванд.
Диктанти ғалаба, ки дар мавзӯи ҶБВ ҳамасола навишта мешавад, соли равон дар ҳудуди 45 давлати дунё бо иштироки қариб 19 ҳазор нафар баргузор шудаст. Ин чорабинӣ ҳамасола 3 сентябр дар рӯзи анҷоми расмии ҷанги дуюми ҷаҳон навишта мешавад.
Ёвари раисҷумҳури Русия, Владимир Мединский изҳори умед кардааст, ки сол ба сол иштирокдорони чорабинии мазкур бештар мешаванд. Ӯ ин корро махсусан дар шароити таҳрифи воқеоти таърихӣ муҳим хондаст.