Таҳкими илмомӯзӣ аз ТВ дар Тоҷикистон: нақшаҳои кадри навтаъйини ҳукумат

Мудири навтаъйини телевизиони "Илм ва табиат" азм дорад, бо ҷалби мутахассисони варзида омӯзиши илмҳои дақиқро бештар роҳандозӣ кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Саймукаррам Шарифзода, мудири навтаъйини телевизиони "Илм ва табиат" нақшаҳояшро дар мавриди роҳандозии кори шабака баён дошт.
Роҳбари нав дар суҳбат бо "Ховар" гуфтааст, бо кормандони шабака кӯшиш ба харҷ медиҳад, то таваҷҷуҳи ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ зиёд гардад.
"Барои ин нақша дорем, бо истифода аз имкониятҳои телевизион ва ҷалби мутахассисони варзида ва коршиносони соҳа омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологиро ба роҳ монем", - таъкид кардаст Шарифзода.
Вай афзудааст, ки инчунин сари таҳияи як қатор барномаҳои нав бо номҳои шартии "Илм ва технология", "Об рушди устувор", "Ворисони илм", "Рисолаи мусиқӣ", "Суоли илмӣ", "Сайёд", "Чароғи ақл", "Як рӯзи…", "Иқлим", "Сарват", "Гиёҳнома" кор карда истодаанд ва ин 80%-и корҳоро анҷом додаанд.
"Дар барномаҳои нав дар бораи дастовардҳои илми ватаниву ҷаҳонӣ ва ихтирооти инноватсионии олимони дохиливу хориҷӣ суҳбат мекунем", - тавзеҳ дод Шарифзода.
Зинатуллоҳ Исмоилзода аз вазифаи мудири телевизиони “Илм ва табиат” барканор шуд
Маврид ба зикр аст, ки телевизиони "Илм ва табиат" аз 1 сентябри соли 2022 дар саросари Тоҷикистон тавассути моҳвора тӯли 16 соат пахш мегардад. Шарифзода нимаи дуюми август бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, дар мақоми мудири ин шабакаи телевизион Зинатуллоҳ Исмоилзодаро иваз кард.
"Илм ва табиат" дар доираи эълон гардидани Бистсолаи омӯзиши илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфта, 14 декабри соли 2021 дар Рӯзи илми тоҷик ба пахши барномаҳо шурӯъ кард