ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Сабқати Нурулло Алиев, варзишкори тоҷик бо Наир Меликяни арманӣ 20 сентябри соли равон дар назар аст.
Ба иттилои нашргардида, Маликян то ҳол ҳеч шикасте надорад ва сабқат дар шаҳри Лас - Вегас бергузор мешавад. Дар сурати пирӯзӣ Алиев имкон дорад аввалин намояндаи Тоҷикистон дар лигаи UFC шавад.
Рақиби размикори шикастнадидаи тоҷик аллакай муайян шудааст - ӯ Наир Меликяни арманист, ки ӯ низ бидуни бохт аст. Ин мубориза рӯзи 20 сентябри соли ҷорӣ дар Лас Вегас баргузор мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки Алиев ахиран аз имзои созишнома бо ташкилоти Дана Уайт - "Dana White Contender Series" хабар дода, ба роҳбари UFC, дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои ин имконият сипос гуфтаст.
"Дана Уайт сипос, ки қавлатонро иҷро кардеду ба ман имконият додед барои созишнома бо UFC мубориза барам", - таъкид кардаст Алиев.
Телевизиони "Варзиш" тавзеҳ додаст, ки дар ҳоли ҳозир размикори тоҷик бо ташкилоти "Dana White Contender Series" созишнома бастаст ва агар дар ин ташкилот ғалаба ба даст биёрад, имкони роҳ ёфтан ба UFC барои ӯ пайдо мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки то ин марҳила пеш аз Нурулло Алиев, размикорони дигари тоҷик, аз ҷумла Муин Ғафуров ва Муҳаммад Наимов расида, имкони роҳ ёфтан ба UFC-ро доштанд, лек мағлуб шуда буданд.
Мухлисон дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори умед кардаанд, ки моҳи равон Тоҷикистон низ соҳиби размикори худ дар созмони UFC хоҳад шуд.