ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Мақомоти тоҷик машварат додаанд, ҳангоми сафар ба хориҷа аз мошинҳое шаҳрвандон истифода кунанд, ки барои ҳамлу нақли байналмилалӣ иҷозатномаи расмӣ доранд.
Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон изҳорот додааст.
Ин ниҳод аз мусофироне, ки қасди сафар ба Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Русияро доранд, даъват мекунад, ки танҳо аз ширкатҳои нақлиётие, ки иҷозатномаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиётро доранд, аз терминалҳои мусофирбар чипта харанд.
"Бо мақсади пешгирии зуҳуроти номатлуб дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии мусофирбар аз шумо хоҳиш менамоем, ки аз хизматрасонии автобусҳои ғайриқонунӣ истифода набаред", - муроҷиат мекунад Вазорати нақлиёт ба аҳолӣ.
Гуфта мешавад, ки ҳоло дар бозори ҳамлу нақли байналмилалии мусофирбар соҳибони автобусҳое, ки иҷозаи дахлдор надоранд, хидмати худро пешниҳод мекунанд.
"Вақте мусофир ба хориҷ аз кишвар, масалан ба Русия сафар мекунад, аз чанд сарҳад мегузарад ва агар ронанда асноди лозима надошта бошад, пас метавонад мушкилот ба миён ояд",-афзуд вазорат.
Ширкатҳои нақлиётие, ки барои кашондани мусофирон дар самти байналмилалӣ иҷозат доранд, кушиш мекунанд, ки кори худро босамар иҷро кунанд.
Маврид ба зикр аст, ки ин изҳороти вазорат дар ҳоле нашр мешавад, ки қаблан як гуруҳи шаҳрвандони кишвар дар расонаҳои иҷтимоӣ гуфта буданд, ки бо мушкилоти зиёд бо роҳи заминӣ пас аз 10 рӯз ба Русия расиданд.