Доварони тоҷик барои ҳакамӣ ба Ҷоми Осиё-2023 мераванд

Довар ва ёвари довари ФИФА дар бозиҳои гурӯҳи “Е”, ки аз 5 то 9 октябр дар пойтахти Бангладеш, шаҳри Дакка баргузор мешавад, ҳакамӣ хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Чанде аз доварони Тоҷикистон барои хидматрасонии бозиҳои мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023 таъйин шудаанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳамин тариқ, довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов ва ёвари довари ФИФА Акмал Бӯриев барои хидматрасонии бозиҳо дар мусобиқоти интихобӣ байни наврасон (U-17) ва ҷавонон (U-20) таъин шуданд.
Онҳо дар бозиҳои гурӯҳи "Е", ки аз 5 то 9 октябр дар пойтахти Бангладеш – шаҳри Дакка баргузор мешаванд, ҳакамӣ хоҳанд кард.
Довари дигари элитаи AFC, довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло ва ёвари довари ФИФА Вафо Қараев бозиҳои мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 (U-17) дар чаҳоргонаи "С"-ро доварӣ мекунанд.
Ҷазои довари тоҷик барои нақзи меъёрҳои ҳакамӣ дар бозӣ
Бозиҳои ин гурӯҳ аз 5 то 9 октябр дар Маскати Уммон баргузор мешаванд.
Ҳамчунин иттилоъ расид, ки Давлатманд Исломов, сардори Раёсати равобити байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон комиссари бозии ниманиҳоии Ҷоми КФО-2022 дар минтақаи Ғарбӣ таъйин шуд.
Дар марҳилаи 1/2 ниҳоии ин мусобиқот дар минтақаи Ғарбӣ ду бошгоҳи кишвари Баҳрайн – “Ист Риффа” ва “Ал Риффа” бозӣ мекунанд, хабар медиҳад ФФТ.
Ин дидор 6 сентябр дар варзишгоҳи Шайх Алӣ Бин Муҳаммад Ал-Халифаи шаҳри Ароди Баҳрайн баргузор мешавад.