ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сар аз соли нави хониш маоши он омӯзгоронаш, ки бо забонҳо хориҷӣ дарс мегӯянд, ба таври қобили мулоҳиза боло бурдааст.
Ҳамин тариқ музди меҳнати омӯзгороне, ки дар гурӯҳҳои таҳсилашон ба забони англисӣ дарс мегӯянд, 100 фоиз ва музди меҳнати омӯзгороне, ки дар гурӯҳҳои таҳсилашон ба забони русӣ дарс медиҳанд, аз 30 то 50 фоиз баланд бардошта мешавад.
Тасмими мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, татбиқи ҳадафҳои гузошта, дастгирии омӯзгорон ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии онҳост гуфтааст, ректори муассиса Убайдулло Асрорзода дар суҳбат бо "Ховар".
Мавсуф гуфтааст, бо ин роҳ мутахассисони бозоргири сатҳи байналмилалӣ омода хоҳанд кард.
Бо ин мақсад донишгоҳ аллакай факултети муштарак бо Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Русия мебошад таъсис додаанд.
Гуфта мешавад, қабули довталабон ба факултети муштарак аллакай ба роҳ монда шуда, тибқи созишнома муҳассилин ду сол дар Тоҷикистон ва ду сол дар Русия таҳсил менамоянд.
Оқои Асрорзода мегӯяд, давоми як соли ахир бо 46 донишгоҳу донишкада ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидаанд, ки аз онҳо 36 шартнома барои ҳамкорӣ буда, 10 шартнома маҳз ба табодули донишҷӯён ва такмили ихтисоси омӯзгорон равона шудааст.
"Яке аз онҳо шартнома бо Донишгоҳи илмҳои компютерӣ ва муҳандисии Малайзия мебошад. Теъдоди шартномаҳои ҳамкорӣ бо шарикон ҳамасола афзоиш ёфта, беш аз 100 ададро ташкил медиҳад", - афзудааст манбаъ.