Чин: ИМА аз низоъ дар Украина бештар фоида ба даст меорад

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба шиддат бахшидани муноқиша дар Украина манфиатдор аст, чун бо ин роҳ буҳрони энержиро дар Аврупо ба вуҷуд оварда, аз он фоида мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида мубтакири ин вазъ дар Украина буд ва ҳоло буҳрони энержӣ дар Аврупоро аз он тарафи уқёнус мушоҳида мекунаду аз он манфиатҳои фавқулода низ дарёфт менамояд.
Дар ин бора сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Чин Чжао Литзсян изҳори назар кард
"Бӯҳрон дар Украина беш аз шаш моҳ идома дорад ва бори дигар собит мекунад, ки таҳримҳои якҷонибаи Амрико ва Ғарб наметавонад мушкилотро ҳал кунад, аммо баръакс, таъсири манфии он мисли тӯби барфӣ, ки торафт калонтар мешавад."", - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи Чжао, гузоришҳо нишон медиҳанд, ки тафовути қимати газ дар бозорҳои Аврупо ва Амрико ба сатҳи бесобиқа расидааст, тафовути нархҳо миёни ду бозор ҳоло беш аз 10 маротиба аст.
Вай дар идома гуфт, тибқи маълумоте, ки портали хабарии "Business Insider" нашр кардааст, ширкатҳои амрикоӣ метавонанд аз ҳар киштие, ки газ аз Амрико ба Аврупо интиқол медиҳанд, беш аз 100 миллион доллар фоида ба даст оранд.
Истиснои истиноӣ: Путин Ғарбро ба нажодпарастӣ ва истеъмор муттаҳам кард
Маврид ба зикр аст, ки қаблан раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, вазъи Украина аз он шаҳодат медиҳад, ки ИМА талош дорад, ин муноқишаро тамдид кунад.
"Вазъият дар Украина аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Иёлоти Муттаҳида кӯшиш мекунад, ки ин низоъро тамдид кунад. Ва онҳо маҳз ҳамин тавр амал карда, эҳтимоли муноқишаро дар Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ таҳрик медиҳанд", - гуфт Путин.
Ҳамзамон Анатолий Антонов, сафири Руися дар ИМА низ гуфта буд, ки кашонидани аслиҳа ба Украина як роҳи тамдиди муноқиша аст.
Ӯ афзуд ИМА барои ба дарозо кашидани муноқиша манфиатдор аст, вагарна Киевро маҷбур месохт то сари мизи музокирот нишинад ва уҳдадориҳояшро иҷро намояд.