Гурез Сафар Нависандаи халқии Тоҷикистон шуд

Унвонро ба шоир ва нависандаи шинохтаи тоҷик ёрдамчии раисҷумҳур шахсан дар бемористон, ки дар он ҷо ӯ табобат мегирифт, тақдим кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Президенти кишвар боз як чеҳраи шинохтаи тоҷикро бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонд. Мукофотро шахсан ёрдамчии раисҷумҳур дар бемористон тақдими ӯ кард.
Гурез Сафар, шоир, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ифтихори 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардид.
Таъкид шудааст, ки ёрдамчии Президенти Тоҷикистон дар умури масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода мукофоти мазкурро ба адиб, ки дар бистари беморист, тақдим намуд.
“Дар арафаи солгарди ин иди фархунда бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардондани намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла аҳли зиё нишони қадршиносии Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин табақаи ҷомеа мебошад. Дар ҳақиқат, саҳми эҷодкорон дар рушду равнақи забон, фарҳанг ва тарбияи аҳли ҷомеа назаррас аст”, - гуфт ӯ.
Тақдими мукофот ба мақомдорони феълию пешини ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон
Ёдовар мешавем, ки 25 август Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуд.
Гурез Сафар 10 майи соли 1960 дар шаҳри Кӯлоб дар хонадони шоир Ашӯр Сафар таваллуд шудааст. Соли 1983 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ ба ҳайси мусаҳҳеҳи калон, муҳаррир, муҳаррири пешбар ва мудири шуъбаи адабиёти калонсолони нашриёти “Адиб”, муовин ва Директори Муассисаи нашриявии “Адиб” фаъолият намудааст.
Аз соли 1989 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва аз соли 1995 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Инчунин бо унвонҳои Аълочии матбуоти Тоҷикистон, медали “Хизмати шоиста” ва Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода сарфароз гардидааст.
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи президент мукофот гирифтанд
Ашъори мавсуф бо равониву мушоҳидаи тоза дар мавзӯъҳои гуногун эҷод шудаанд, ки дилнишину хонданибоб мебошанд. Дар эҷоди ашъори ҳаҷвӣ низ шоир сабки хос дорад, ки ғолибан латифу ҳадафрасанд. Ғайр аз ин, ӯ бо шеъру ҳикояҳо низ миёни хонандагон маҳбуб аст. Муаллифи маҷмӯаҳои “Ариза ба номи янга”, “Аз дидаву шунида”, “Нози ҳавас”, “Ҷавобак”, “Чашми сиёта садқа”, “Лутфи Ашӯр Сафар”, “Садбарги тар”, “Равзани роз”, “Шамъи саодат”, “Ҳамарш, ҳамфарш”, “Лутфи Муҳтарам”, “Сетори ҳамнаво”, “Нахли меҳр”, “Дидаи дард” мебошад.
Афсонаи "Чашмаи сеҳрнок"-аш баъди ғолиби озмун гардидан дар Ҷумҳурии Корея дар шакли китоби ранга ба забонҳои кореягӣ, русӣ ва англисӣ (ҳар кадом бо теъдоди 3000 — нусхагӣ) аз чоп баромадааст. Ҳамчунин маҷмӯаи "Лутфи Ашӯр Сафар", ки лутфу зарофатҳои Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Ашӯр Сафарро дар бар гирифта, соли равон тариқи нашриёти "Адиб" бо теъдоди 5000 нусха аз чоп баромад, миёни хонандагон маҳбубияти хосса дорад.