Боздид аз осорхона ва Кӯлобу Данғара: барномаи сафари соҳибкорони турк ба Тоҷикистон

Дар ҳошияи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия дар масоили иқтисодӣ инчунин мулоқоти намояндагони бахши хусусӣ - В2В дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Ҳайати соҳибкорони Туркия таҳти роҳбарии раиси Палатаи савдои ин кишвар ба Тоҷикистон меояд, хабар дод "Ховар" аз қавли Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, сафари намояндагони бахши хусусии Туркия 4 сентябр ба нақша гирифта шудааст.
"Ҳадафи сафари ҳайати Туркия ба Тоҷикистон баррасии масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар доираи ҷаласаи 11-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии ду кишвар оид ба ҳамкории иқтисодӣ арзёбӣ мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Мақомот гуфтанд, минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон чӣ қадар маҳсулот тавлид кардаанд
Интизор меравад, ки ҳайати Туркия бо роҳбарону намояндагони вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ва раиси шаҳри Кӯлоб мулокот кунанд.
Ҳамзамон дар ноҳияи Данғара бо иштироки соҳибкорони вилояти Хатлон ва шаҳри Қунияи Туркия форуми минтақавии дуҷониба баргузор мегардад.
Дар баробари ин соҳибкорони Туркия аз минтақаҳои озоди иқтисодии "Данғара" ва "Кӯлоб" боздид мекунанд.
Меҳмонон ҳамчунин аз шаҳри бостонии Кӯлоб боздид мекунанд, ки бо шаҳри Қунияи Туркия бародаршаҳр аст. Тамошои осорхонаи Мавлоно дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ боздид менамоянд.