ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе Ҳафтаи фарҳангии шаҳри Кошон (шаҳре дар устони Исфаҳон - воқеъ дар маркази Эрон) баргузор мешавад, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Тибқи иттилои манбаъ, Хусрави Нозирӣ, дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодии ЭКО дар дидор бо Аҳмади Доноиниё, раиси идораи мероси фарҳангӣ, саноеъи дастӣ ва гардишгарии шаҳристони Кошон гуфт, бо ройзаниҳое ки бо сафири Тоҷикистон дар Эрон анҷом хоҳам дод, барномае таҳти унвони ҳафтаи фарҳангии Кошон дар шаҳри Душанберо барномарезӣ ва баргузор хоҳем кард.
Аҳмади Доноиниё низ зимни ибрози хурсандӣ аз ин дидор бар лузӯми ташкили Хонаи фарҳанги Тоҷикистон дар Кошону Душанбе изҳор дошт, ки омодагааст то дар яке аз хонаҳои торихӣ дар ҳар ду кишвар Хонаи фарҳанги Кошону Душанбе ташкил шавад, то ҳар ду кишвар бо фарҳанг, таърих ва ҳавзаи тамаддунии муштараке ки доранд, бештару амиқтар ошно шаванд.
Оқои Хусрави Нозирӣ изҳор доштааст, ки Кошон шаҳри шигифтиҳо ва меъмории асили эронӣ аст.
Вай Кошону Душанберо дорои нишонаҳои муштараки фарҳангӣ ва тамаддунӣ донист.
“Мероси фарҳангӣ забони гуёи ҳамаи миллатҳо аст ва кишварҳое, ки мероси фарҳангии муштараке доранд, меросбонони ҳамдигар ҳастанд”, - афзуд вай.
Дар ҳамин ҳол, раиси идораи мероси фарҳангӣ, саноеъи дастӣ ва гардишгарии шаҳристони Кошон ин минтақаро дорои асолату пешинаи зиёде унвон кард ва афзуд: Минтақаи Кошон бо вуҷуди тамаддуни ҳафтҳазорсола ва минтақаи Силак таърихи худро ба рухи ҷаҳониён мекашад.