Вазирони корҳои дохилии кишварҳои ИДМ дар Қирғизистон гирд меоянд: сабаб

Масоили амнияти муштараки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар як ҷаласаи қарибулвуқуи вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзо баррасӣ хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Сарони вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои ИДМ барои ширкат дар як ҷаласаи муштарак гирд хоҳанд омад, хабар медиҳад дафтари матбуотии кумитаи иҷроияи ИДМ.
Ҷаласаи вазирон дар авоили тирамоҳ дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон баргузор мешавад.
"Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ аз 7 то 9 сентябр дар шаҳри Чолпон-Ота баргузор мешавад", - гуфт манбаъ.
Дар ин чорабинӣ ба ҷуз аз Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, раҳбарони вазоратҳои корҳои дохилии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия ва Ӯзбекистон ширкат хоҳанд кард.
Раҳимзода 3 таҳдиди асосӣ ба кишварҳои СҲШ-ро ном бурд
Қарор аст, сарони бахшҳо тадбирҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ дар кишварҳои муштаракулманофеъро баррасӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан вазири умури дохилии Тоҷикистон чанд омилеро номбар карда буд, ки барои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай таҳдид мекунанд.
Вай дар нишасти чаҳоруми вазирони умури дохила ва амнияти ҷамъиятии кишварҳои узви СҲШ дар Тошканд гуфт: "Мо бояд талошҳои худро алайҳи се зуҳуроти номатлуб - терроризм, ифротгароӣ ва сепаратизм равона созем".