Тоқаев аз интихоботи зудҳангоми президентӣ дар Қазоқистон хабар дод

Президенти Қазоқистон мегӯяд, анъанаи сиёсӣ, ки мақомот нақшаҳои худро аз ҷомеа пинҳон медоштанд, бояд дар гузашта боқӣ монад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар Қазоқистон интихоботи ғайринавбатии президентӣ ду сол пеш аз муҳлат баргузор мешавад.
Дар ин бора Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури ин кишвар эълон кард.
Вай дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумон паёми навбатии худро ба мардуми Қазоқистон ирсол намуда гуфт, ки интихоботи зудҳангоми президентӣ дар тирамоҳи соли ҷорӣ баргузор мешавад.
"Барои ман манфиатҳои давлат аз ҳама болотар аст. Аз ин рӯ, омодаам, ки мӯҳлати ваколатамро кӯтоҳ карда, ба интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳурӣ равам", — гуфт Тоқаев.
Ӯ ҳамзамон дар паёми худ самтҳои афзалиятноки рушди ояндаи иҷтимоию иқтисодии кишварашро эълон кард.
"Бисёр андеша кардам ва ба хулосае омадам, ки шумора ва мӯҳлати раёсати ҷумҳуриро бознигарӣ кардан лозим аст. Ман тавсия медиҳам, ки мӯҳлати раёсати ҷумҳурӣ бо як давраи 7 сол маҳдуд карда шавад. Аммо ширкати такрорӣ манъ аст", - гуфт ӯ.
Тоқаев зидди инҳисори гурӯҳии манобеъ аст
Маврид ба зикр аст, ки тибқи қонунгузории феълии Қазоқистон, президенти кишвар ба мӯҳлати панҷ сол интихоб мешавад. Як шахс наметавонад зиёда аз ду маротиба паиҳам президент бошад.
Интихоботи навбатии президентӣ бояд соли 2024 ва интихоботи парлумонӣ соли 2025 баргузор шавад.
Ёдовар мешавем, ки 19 марти соли 2019 президенти вақти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз мақоми раҳбари давлат истеъфо дод. Аз 20 марти соли 2019 бар асоси Конститутсия раиси Сенат Қосимҷомарт Тоқаев раиси ҷумҳурӣ шуд.
Дар моҳи июни ҳамон сол интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор шуд, ки дар он оқои Тоқаев бо натиҷаи 70,96 дарсади оро пирӯз шуд.