Оғози сохтусози филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе

Роҳандозии бахши Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе аввалин намояндагии донишгоҳҳои кишварҳои пешрафтаи Осиёи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оғози сохтмони бинои филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанберо асос гузоштанд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳур.
Тибқи иттилои манбаъ, дар бораи тарҳи бунёди бинои филиали донишкада ба раиси шаҳри Душанбе ва раисҷумҳури кишвар маълумоти пурра дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки байни Мақомоти шаҳри Душанбе ва Донишкадаи рушди идоракунии Сингапур дар асоси мулоқотҳои дуҷониба ва мувофиқаи тарафҳо бо мақсади ифтитоҳи Фиилиали мазкур дар Тоҷикистон 1 июли соли 2020 “Ёддошти тафоҳуми ҳамкории академӣ” ба имзо расонида шуд.
Фаъолияти филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе дар асоси Фармони Президенти Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Дар Душанбе литсейи нави давлатӣ фаъол шуд
Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур соли 1956 таъсис ёфта, ҳамчун муассисаи ғайритиҷоратии таълимии пешсаф дар давлати Сингапур бо риояи сиёсати таҳсилоти доимӣ дар давоми ҳаёти инсон, сеюмин филиали худро дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ифтитоҳ менамояд.
Тибқи иттилои манбаъ, бино ва иншооти бунёдшавандаи Донишкада дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе воқеъ буда, бо тарҳу усули замонавӣ тарҳрезӣ гардида, масоҳати умумии иншоотҳо беш аз 20 ҳазор метри мураббаъро бо дарназардошти бинои маъмурӣ, синфхонаҳо, маҷлисгоҳ, лабораторияи компютериву киберамниятӣ, китобхона, бойгонӣ, ошхона, толори варзиш, толори вохӯрӣ ва дигар иншоотҳои ёрирасон ташкил медиҳад.
Филиали Донишкада имкон дорад 2500 донишҷӯйро барои идомаи таҳсил қабул намояд.
Муддати таҳсил дар зинаи бакалавриатура 4 сол ва дар зинаи магистратура 2 сол мебошад.
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар соҳаи маориф: киҳо вазифа гирифтанду киҳо тарки мансаб
Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе аввалин намояндагии донишгоҳҳои кишварҳои пешрафтаи Осиёи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, ҳадафи асосии таъсиси филиали мазкур дар шаҳри Душанбе эҷоди фазои рақобати солим дар самти илму маориф бо ҷалби сармоя ва иқтидори зеҳнию касбӣ, тақвияти ҳамкории Тоҷикистону Сингапур дар самти омода намудани кадрҳои барои иқтисодиёти Тоҷикистон зарур ва таъмини бозори меҳнати дохилии кишвар бо мутахассисони варзидаи соҳибкасб дар соҳаҳои афзалиятнок ба шумор меравад.