Андуҳи Эмомалӣ Раҳмон аз даргузашти Горбачёв

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба наздикони ягона президенти Иттиҳоди Шӯравӣ ва охирин котиби генералии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии ИШ изҳори ҳамдардӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз даргузашти Михаил Сергеевич Горбачёв изҳори андуҳ кардааст.
Хабари даргузашти Михаил Сергеевич Горбачёв боиси андӯҳи мо гардид, омадааст дар паёми таслияти Раҳмон ба наздикону пайвандони марҳум.
"Таъзия ва тасаллиёти самимии ин ҷонибро ба ҳамаи пайвандон ва наздикони марҳум иброз намуда, дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба онҳо сабри ҷамил хоҳонем", - таъкид кардааст раисҷумҳури Тоҷикистон.
Михаил Горбачёв, президенти аввалину охирини Иттиҳоди Шӯравӣ ва яке аз чеҳраҳои машҳури сиёсӣ дар ҷаҳон дар синни 91-солагӣ дар пойтахти Русия даргузашт.
Горбачев гуфт, ИМА пас аз пошхӯрии ИШҶС ҳавобаланд шуд
Зикр мешавад, Горбачёв аз бемории гурда ранҷ мебурд ва дар Бемористони марказии клиникии шаҳри Маскав шоми 30 август ҷаҳонро падруд гуфт.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ба наздикони сиёсатмадори марҳум изҳори ҳамдардӣ кард. Инчунин сиёсатмадорони дигари ҷаҳонӣ низ андуҳашонро аз даргузашти Горбачёв баён доштаанд.
Маросими дафни аввалин ва охирин президенти Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Маскав дар назар аст. Интизор меравад, ки ӯро дар оромгоҳи Новодевича ба хок супоранд. Горбачёвро дар канори ҳамсараш Раиса Горбачёв дафн хоҳанд кард, тавре худаш васият карда буд.
Дар мавриди санаи видоъ бо Михаил Горбачёв ҳанӯз иттилое ироа нашудааст.