Оғози сохтмони Марказҳои хидматрасонӣ барои муҳоҷирони Тоҷикистон

Мақомот мегӯянд, Марказҳои мазкур барои коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ва дарёфти ҷойи кори муносиб ба ҷавонон кумаку мусоидат хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Мақомот аз оғози сохтмони марказҳои хидматрасонӣ ба муҳоҷирон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва ноҳияи Восеъ хабар доданд.
Тавре дафтари матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар додааст, ки сохтмони ин марказҳо дар доираи татбиқи лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” барои коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ва кумак ба ҷавонон дар дарёфти ҷойи кори муносиб ба нақша гирифта шудааст.
Айни замон дар бинои Маркази хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар шаҳри Бохтар корҳои хиштчинӣ, бетонрезии сутуну роҳравҳо идома дорад.
Медведев аз тағйири Қонуни муҳоҷират хабар дод
“Тибқи лоиҳа 3 ошёна буда, аз ҳуҷраи қабули шаҳрвандон, 3 ҳуҷраи машваратӣ, толори бисёрвазифавӣ, 8 синфхонаи махсус, толори тренингҳо, ҳуҷраҳои кории роҳбарият, омӯзгорон ва дигар кормандон, китобхона, ҳуҷраҳои ёрирасон ва ҳуҷраҳои техникӣ иборат мебошад”, - иттилоъ додааст вазорат.
Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки дар назди марказ устохонаи таълимӣ барои касбҳои пардозгар, кафшергари газию барқӣ ва барқчӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд.
Таъкид шудааст, ки дар ин Марказҳои хизматрасонӣ ба муҳоҷирон вобаста ба баланд бардошти сатҳи саводнокии муҳоҷирон дар соҳаи ҳуқуқу уҳдадориҳо, ҳимояи манфиатҳои қонунии онҳо семинар ва тренингҳои дахлдор гузаронида шуда, муқаррароти асосии санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии дахлдор омӯзонида мешавад.