Раҳмон дар Тоҷикистон ба 23 нафар унвони генералӣ дод

Сафи генералҳо дар Тоҷикистон 23 нафар афзуд. Рутбаҳои олии низомиро Раисҷумҳури Тоҷикистон ба афсарону сарбозон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бахшида ба 31 -умин солгарди истиқлоли давлатӣ фармони мукофотонидани кормандони бахшҳои гуногунро имзо кард.
Ҳамин тариқ 180 корманди ҳифзи ҳуқуқ бо унвону мукофот қадрдонӣ шуданд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки барои дастовардҳои баланди хизматӣ ва фаъолияти самаранок кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд.
Нозире, ки ноиби вазир шуд. Генерал Насимзода кист?
Ҳамин тариқ 3 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 1, 13 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 2, 1 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 1, 10 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 2, 42 нафар бо медали Ҷасорат, 61 нафар бо медали Хизмати шоиста, 2 нафар бо медали Шафқат, 1 нафар бо медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, 23 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфароз гардиданд.
Ҳамзамон президент ба 23 нафар роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар рутбаҳои навбатии махсуси “генерал-лейтенанти милитсия”, “генерал-майори милитсия”, “генерал-майор”, “генерал-майори адлия”, рутбаи дараҷавии “мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3”, “генерал-майори хадамоти гумрук” ва “генерал-майори хизмати дохилӣ” супоридааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз даврони вазнин сохтусозҳо дар артиши кишвар ёдовар шуда, гуфтааст, ки ин бахши ҷомеаро зарур аст, ки ҳоло низ беш аз ҳарвақта ҳушёру зирак бошанд.
Маврид ба зикр аст, ки маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ҳамасола дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ баргузор мешавад, ки имсол 31-умин солгардаш таҷлил мегардад.