ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. ИМА набояд дигаронро маҷбур созад, ки баҳои иштибоҳҳояшонро пардохт кунанд, гуфт намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид Василий Небензия.
Намояндаи доимии Русия дар СММ дар ҷаласаи навбатии ин созмон ба интиқоди ҳамтои амрикоии худ вокуниш кард.
“Маскав дар таъмини молии бозсозии Афғонистон саҳми андаке дорад”, - гуфт ӯ дар вокуниш.
Вай аз Вашингтон хостааст, пулҳои мардуми Афғонистонро, ки дуздида шудаанд баргардонанд ва дигаронро маҷбур ба ислоҳи хатогиҳояшон накунад.
"Аз баҳсҳои тӯлонии ҳамтоёни амрикоии худ мо метавон чунин дархостеро аз Русия ва Чин дарёфт кард, то барои эҳёи Афғонистон бештар саҳм бигиранд. Онҳо иддао доранд, ки танҳо Амрико ва муттаҳидонаш ҳама чизро пардохт кардаанд ва Русияву Чин фақат ҳаворо меларзонад (саҳми онҳо чандон назаррас нест), ин гуна баёнияҳо ғайримантиқианд", - гуфт Небензия.
Намояндаи Русия гуфт, ки тӯли як соли ахир Вашингтон талош кард, нокомии ҷанги 20-солаи худ дар Афғонистон ва вазъи вахими кунуниро бар дӯши мақомоти нав вогузорад.
Ӯ ҳамчунин аз хуруҷи Амрико аз Афғонистон ва паёмадҳои он барои мардуми ин кишвар ёдовар шуд ва гуфт: Амрико афғонҳоро бо харобӣ, фақр, терроризм ва гуруснагӣ ба сарнавишти худ вогузор кардааст.
Ба гуфтаи дипломат, Амрико таҳти назари Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон, паси пушти афғонҳо бо толибҳо музокироти ҷудогона анҷом дод, ки ба имзои созиш дар бораи хуруҷи нирӯҳояш мунҷар шуд.
Намояндаи доимии Русия ёдовар шуд, ки иқтисоди Афғонистон ба далели ишғоли 20-солаи Амрико ва НАТО амалан тахриб шудааст, аммо шарикони ғарбӣ омода нестанд иштибоҳҳои худро бипазиранд ва барои ислоҳи он талош кунанд.
"Ҳоло шумо мехоҳед кишварҳои дигарро гунаҳкор кунед, ки ба пардохти қимати иштибоҳи шумо майл надоранд? Не, ҷанобон, шарикони собиқи ғарбии мо, маҳз шумоед, ки хатоҳои худ дар Афғонистонро бояд пардохт кунед ва набояд ин аз кисаи одамони дигар шавад", - афзуд мавсуф.
Номбурда гуфт, ки мо ба Афғонистон кумак кардем ва идома хоҳем дод ва ба шумо маслиҳат медиҳем, ки хисороти расидаро ба мардуми Афғонистон дар тӯли 20 соли ишғоли бемаънӣ, ки ин кишвар ва мардуми онро дар остонаи нобудӣ хароб кардааст, пардохт кунед.