ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Тоҷикистон дар радабандии арзонтарин сӯзишвории дизелӣ дар кишварҳои ИДМ дар ҷои сеюм қарор гирифтааст. Таҳлили ин бозорро дар чаҳор кишвар рӯзноманигорони шабакаи телевизионии "МИР 24" анҷом додаанд.
Онҳо арзиши як литр сӯзишвориро дар Тоҷикистон, Озарбойҷон, Беларус ва Арманистон муқоиса карданд.
Ҳамин тариқ бар асоси гузориш дар Озарбойҷон арзонтарин сӯзишвории дизелиро пур харидан мумкин аст. Дар ин кишвар барои ҳар литр сӯзишворӣ 28 рубл пардохт кардан лозим аст.
Дар зинаи дуюми рейтинг Беларус қарор гирифт. Дар ин ҷо як литр сӯзишвории дизелй 58 рубл мешавад.
Тоҷикистон дар ҷои сеюм аст. Нархи сӯзишвории муқарраршуда дар ҷумҳурӣ назар ба арзиши сӯзишвории дизелии Озарбойҷон ва Белоруссия хеле баланд аст. Пас, тоҷикистониён барои ҳар литр сӯзишворӣ 75 рубл медиҳанд.
Арманистон дар зинаи охирини радабандӣ қарор дорад. Дар ин кишвар барои як литр сӯзишворӣ 96 рубл талаб карда мешавад.
Моҳи июли соли 2022 Сафаралӣ Қурбонзода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, афзоиши якбораи қимати маводи сӯхт дар бозорҳои кишварро дар афзоиши қимати ширкатҳои нафткаш шарҳ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз дар моҳи январи соли 2022 1 тонна сӯзишворӣ 560 доллар арзиш дошт ва дар моҳи июл он ба 890 доллар расид.
Қурбонзода таъкид кард, ки афзоиши нарх ва талабот дар кишварҳои содиркунанда ва болоравии қурби рубл таъсири муҳим дорад. Ҳоло ҷумҳурӣ сӯзишвориро ҳам бо рубл ва ҳам бо асъор мехарад.
Натиҷаҳои таҳлили нархҳои бозор нишон дод, ки дар моҳи июни соли 2022 1 тонна бензин 209 доллар (32 фоиз) ва сӯзишвории дизелӣ 226 доллар (40 фоиз) нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 боло рафтааст.