Маълум шуд, ки президент дарси сулҳро имсол дар куҷо мегузаронад

Дарси сулҳ, ки тибқи анъана, аз ҷониби раисҷумҳури Тоҷикистон гузаронда мешавад, соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ Сино дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Рӯзи дониш дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо ҳузури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.
Дар ин бора аз дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯз бинои навбунёди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро ифтитоҳ кунад.
Дар ин макон интизор меравад ҳамчунин мулоқоти раисҷумҳури кишвар бо устодону донишҷӯён доир шавад.
Маврид ба зикр аст, ки маҳз 1 сентябри соли 1939 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки ҳоло Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад, ифтитоҳ гардида буд.
Ҳисоби нархи сарулибоси мактабӣ дар Тоҷикистон
Бино иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар соли равон беш аз 200 ҳазор кӯдак ба синфи як хоҳанд рафт.
Ин ниҳод мегӯяд, ҳоло дар кишвар 3940 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 2 млн 195 ҳазору 619 нафар хонанда фаъолият менамоянд.
Инчунин теъдоди омӯзгорон ба 128 827 нафар мерасад.
Соли равон ҳамчунин беш аз 50 ҳазор донишҷӯ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар шомил шуда, ҳамчунин таҳсимоти сеюм низ барои онҳое, ки дар давраҳои аввал нагузаштанд аз ҷониби ММТ идома дорад.
Дар ин рӯз ҳамзамон панҷ мактаби русӣ, ки дар шаҳру навоҳии кишвар бо маблағгузории ҳукумати Русия бунёд шуд, дарҳояшро ба рӯи мактаббачагон боз мекунад.