Боздошту ҳабси ҷавоне дар Душанбе барои ба талбандагӣ ҷалб намудани пиразани маъюб

Ҷавоне, ки пиразани маъюбро ба талбандагӣ водор мекарду бештари пулҳояшро мегирифт, ҳамакнун як ҳафтаро дар паси панҷара сипарӣ хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе ҷавоне бо мақсади ба даст овардани маблағу даромади муфт пиразани маъюберо ба талбандагӣ водор кардааст.
Ба иттилои Раёсати ВКД дар пойтахт дастгиршуда Исоев Умед Ҳоҷимуродовичи 30-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад.
Гуфта мешавад, номбурда тавассути автомашинаи худ ҳар рӯз пиразани ҳамдеҳаашро, ки маъюби гурӯҳи якум аст, барои ба талбандагӣ машғул гардидан ба шаҳри Душанбе меовардааст.
"Зимни пурсиш муайян гардид, ки Исоев Умед ҳамарӯза қисмати зиёди маблағҳои бо ин роҳ ба даст овардаи пиразанро аз они худ намуда, қисмати каме аз онро ба худи пиразан медодааст", - афзудааст манбаъ.
Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати номбурда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз татбиқ карда шудаст.
Пинҳонӣ аз соҳибон хонаҳои иҷораро мефурӯхтанд: боздошти ду ҷавонзан дар Душанбе
Ҳамчунин ин ниҳод Давлатшозода Амир, сокини дигари пойтахтро барои майдаавбошӣ 15-шабонарӯз ҳабс кардааст.
Номбурда ҳангоми дар суроғаи ноҳияи Сино, кӯчаи Б.Ғафуров қарор доштан, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи ҷавонзанеро дар назди атрофиён паст задааст. Алфози қабеҳ ва амалу рафтори зиддиахлоқии номбурда, ки дар наворҳо сабт гардидаанд, пурра исботи худро ёфтаанд.