Дар ҳамин ҳол амалиёти вижаи низомӣ дар Украина омили бунёдӣ ва муайянкунанда дар тағйири мизони ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи Русия нест.
Рӯзи 25-уми август раисҷумҳури Русия Владимир Путин Фармонро дар бораи аз 1 январи соли 2023 137 ҳазор нафар зиёд кардани шумораи нерӯҳои мусаллаҳ (ин каме бештар аз 13% аз шумораи қаблӣ – 1 013 628 нафар) ба имзо расонд.
Қарори Кремл на аз вазифаҳои фаврӣ, балки аз таназзули умумии амнияти ҷаҳонӣ дар панҷ соли охир (пас аз фармони қаблии 17 ноябри соли 2017) ва рушди қувваҳои мусаллаҳи касбии Русия барои рафъи ин мушкилот сурат гирифт. Ҳадафи асосӣ таъмини устувории ҷангии қӯшунҳо ва қобилияти мудофиавӣ дар тамоми қаламрави Федератсияи Русия мебошад.
Афзоиши шумораи артиш ва флоти Русия аз ҳисоби ҷалби нерӯҳои касбӣ имкон медиҳад, ки дар ҳолати зарурӣ мувозинати қувваҳо дар ҳама гуна самтҳои стратегӣ дар Аврупо ё Осиё зуд барқарор ва сарҳадҳои ҷуғрофии Русия тағйир дода шаванд.
Эҳтимол пас аз раъйпурсии тирамоҳ ҳузури артиши Русия дар Донбасс, дар қаламрави вилоятҳои Запороже ва Херсон доимӣ (номаҳдуд) шавад. Мо бояд воҳидҳо ва гарнизонҳои нави ҳарбӣ ташкил кунем - барои ҳифзи боэътимоди миллионҳо шаҳрвандони Русия дар баҳрҳои Азов ва Сиёҳ.
Аз нуқтаи назари иқтисодӣ ва моддию техникӣ, ин кори осон нест, он ислоҳи ҷидди буҷаи давлатии ФР-ро талаб мекунад.
Ҳарчанд ба артиш 100 000 ҷавони либоспӯши изофие лозим нест, ки аз уҳдаи кор намебароянд. Ба мо 100 ҳазор нафар мутахассиси аз ҷиҳати психологӣ устувор, аз ҷиҳати ҷисмонӣ тайёр ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳавасманд лозим аст, ки солу даҳсолаҳо аз ҳаёти худро ба хидмати ҳарбӣ бахшида тавонад.
Ҳар сол дар Русия тақрибан 240 ҳазор нафар ба хидмат даъват мешаванд, ки инҳо сарбозони қаторӣ ва сержантҳои эҳтиётӣ мебошанд ва онҳо барномаи таълимии муайян доранд. Аксари онҳо метавонанд тибқи қарордод дар вазифаҳои холӣ аз 1 январи соли 2023 хидмати ҳарбиро идома диҳанд. Онҳое, ки хоҳиш доранд, бояд аз интихоби ҷиддии пуррақобат гузаранд.
Муҳити бад
Ҳама чиз нисбӣ аст. Варшава қарор дод, ки шумораи артиши Лаҳистон бештар аз ду баробар зиёд карда шавад — аз 120 ҳазор нафари ҳозира ба 300 ҳазор нафар дар оянда. Сардори хидмати сафарбаркунии Лаҳистон қайд кард, ки дар ояндаи наздик дар сафҳои артиши Лаҳистон 250 ҳазор кас хидмат хоҳад кард ва 50 ҳазори дигар дар ҳайати нерӯҳои мудофиаи минтақаӣ хоҳад буд.
Лаҳистон бидуни мунтазирӣ 250 танки “Abrams” M1A2, ки аз Иёлоти Муттаҳида фармоиш дода шудааст, дар бораи таҳвили 1000 танки Кореяи Ҷанубӣ (бештар аз ду баробар зиёд), ҳаубитсаҳо ва ҳавопаймоҳо шартнома ба имзо расонд. Дар Лаҳистон инфрасохтори системам мудофиаи зиддимушакии Амрико вусъат меёбад.
Руминия фавран мустаҳкам карда мешавад. Дар ҳудуди он ба маблағи 12,2 миллиард доллар якчанд базаи ҳарбӣ сохта мешаванд, ки системаҳои мудофиаи ҳавоии амрикоии "Патриот" ҷойгир карда мешаванд. Ба гайр аз қӯшунҳои хориҷӣ, ки аллакай ҷойгир карда шуда буданд, бригадаҳои пиёдагард иборат аз то 5 ҳазор нафар низ он ҷо мақар мегузинан. Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ ният дорад, Русияро дар минтақаи баҳри Сиёҳ "даргир" кунад.
Аз соли 2014 ИМА барои мусаллаҳ кардани фашистони "лоиҳаи украинӣ" 15,5 миллиард доллар сарф кардааст ва дар ояндаи наздик онҳо ният доранд, ба режими Киев як бастаи нави кумаки низомӣ ба маблағи 2,98 миллиард долларро таъмин кунад.
Ба навиштаи “WallStreetJournal”, Кохи сафед ният дорад, дар ояндаи наздик тамоми кумакҳои низомии ИМА ба Украинаро дар як миссияи ягона таҳти фармондеҳии як генерали амрикоӣ муттаҳид кунад. Мо истифодаи Иёлоти Муттаҳида аз Аврупо ва Украинаро ҳамчун шайъи масрафӣ барои ноил шудан (нигоҳ доштани) ба бартарияти ҷаҳонӣ мушоҳида менамоем.
18 август аз Дакотаи Шимолӣ ба Англия гурӯҳи корӣ чор ҳавопаймои стратегии бомбаандози В-52Н фиристода шуд. Ҳадафҳои миссияи амрикоӣ беҳтар кардани ҳамкорӣ бо иттифоқчиён, нишон додани қудрати глобалӣ "дар тамоми Аврупо" эълон мешаванд. Аз тирамоҳи соли 2019 "стратег”-ҳои B-52H ҳамеша дар Фэрфорди Бритониё қарор доштанд. Ғайр аз ин дар моҳи август ИМА барои "мустаҳкам намудани қаноти шарқии НАТО" дар Лаҳистон 12 ҳавопаймои қиркунандаи насли панҷуми Ф-22 "Раптор"-ро чойгир кард.
Амрикоиҳо имрӯз аз ҳисоби Шветсия ва Финландия НАТО-ро ба Шарқ васеъ ва системаи амнияти Аврупоро вайрон карда истодаанд. Тӯли марзи Русияву Финландия беш аз 1270 километрро ташкил медиҳад ва Маскав маҷбур аст, ки ин қитъаро бо тамоми нерӯву воситаҳои зарурӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳои ҳамлавар, дифои ҳавоӣ, дифои зиддимушакӣ, системаҳои мушакии мофавқуссадо тақвият диҳад. Шведҳо ва финҳо бояд ҳамеша дар зери силоҳ зиндагӣ кунанд, аммо ин интихоби "суверен"-и онҳост.
Ғарби дастаҷамъона принсипҳои амнияти баробар ва тақсимнашавандаро, ки моҳи декабри соли 2021 пешниҳод шуда буданд, рад кард, талабҳои одилонаи Федератсияи Русия ба ИМА ва НАТО-ро нодида гирифт.
Дар нишасти изтирории моҳи март вазирони дифои НАТО як тасмими таърихӣ қабул ва Русияро ошкоро ҳамчун рақиби худ эътироф кунанд. Консепсияи стратегӣ дар саммити моҳи июни соли равон дар Мадрид муайян карда шуд.
Омодагии Иёлоти Муттаҳида ба ҷанги тӯлонии чандсола бо Русия бо дасти "Ҳиндустон"-и украинӣ барои амрикоиҳо ва муттаҳидони аврупоии онҳо ҳеҷ чизи хубе ваъда намекунад. Ин роҳи бемасъулиятона ва бепарвоёна ҷазои сахти ҳарбӣ-сиёсӣ ва иқтисодиро ба Ғарб замонат медиҳад. Олмон ва Фаронса дар шароити нооромиҳои шадид аллакай кӯшиш мекунанд, ки худро аз "консессияи Рамштайн" дур кунанд ва аллакай дар бораи камбуди силоҳ барои нерӯҳои эълом карданд.
Аз тарафи дигар дар минтақаи амалиёт Русия пайваста ташаббуси ҳарбӣ нишон медиҳад, бомуваффақият нерӯҳои низомии Украина, силоҳҳои НАТО-ро мунҳадим менамояд ва сарфи назар аз таҳримҳои бесобиқаи Ғарб вазъи муътадили иқтисодиро нигоҳ медорад. Рӯзномаи "Вашингтон Пост" менависад: "Ҷангҳо дар Украина танҳо ба таҳкими ҷомеаи Русия мусоидат карданд".
Ба канали коршиноси низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.