ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин пешниҳод барои ташкили марказҳои махсуси мутобиқатсозии муҳоҷиронро ҷонибдорӣ кард.
Ба иттилои РИА "Новости", масъалаи мазкурро дар мулоқот бо президент, роҳбари Ожонси федералӣ дар умури миллатҳо, Игор Баринов дар миён гузошт.
Баринов изҳор дошт, ки кор сари роҳ надодан ба инзивои минтақавию иҷтимоии муҳоҷиронро дар Русия таҳким бахшидаанд. Вай муҳим хондааст, ки кор дар ин бахш бо ҷалби созмони ҷамъиятию динӣ таҳким бахшида шавад.
Путин аз ин иқдом истиқбол карда, изҳор дошт, ки кор дар ин самтро бояд аз кишвари хуруҷи муҳоҷирони меҳнатӣ оғоз кард.
Раисҷумҳури Русия афзуд, ки бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин масъала суҳбат дошт ва онҳо розиянд, дар ин самт иқдом кунанд.
"Бо бисёри ҳамкорон суҳбат кардам, бисёриҳои аллакай оғоз кардаанд. Моро зарур аст, ки дар ин самт фаъолтар бошем. Он ҷо касе зид нест", - гуфт Путин.
Вайт таъкид намуд, ки баръакс дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо камоли майл ба чунин корҳо машғуланд.
"Бояд фаъолтар бошем, онҳо ҳавасманданд. Хуб дарк мекунанд, ки вақте одамон аз ватанашон пеши мо меоянд, бояд мутобиқшуда бошанд, бояд фарҳанг, забон ва қонунгузории Русияро донанд", - изҳор дошт Путин.
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола аз Тоҷикистон ба Русия садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ сафар мекунанд, ки маблағи фиристодаи онҳо манбаи аслии таъминоти иҷтимоию иқтисодӣ дар кишвар арзёбӣ мегардад.