ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Толибҳо Покистонро дар он айбдор намуданд, ки бесарнишинҳои амрикоӣ аз тариқи хоки он вориди Афғонистон мешаванд.
Ин нуктаро Муҳаммад Яъқуб, иҷрокунандаи вазифаи вазири мудофиаи ҳукумати толибҳо зимни нишасти матбуотӣ дар Кобул баён дошт. Ӯ аз Покистон даъват намудаст, ки қаламравашро алайҳи Афғонистон истифода накунад.
Қаблан Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати толибҳо парвози бесарнишинҳои амрикоиро дар Афғонистон нақзи ҳарими ҳавоии кишвар хонд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар дода буд, ки аз тариқи бесарнишинҳо дар Кобул ҳраҳбари "Ал Қоида"* Айман Аззавоҳириро куштааст. Ин ҳамларо ду мушаки "Hellfire" ("Дӯзах") анҷом додааст, ки аз ҳавопаймои бесарнишин ба балкони як хона дар Кобул партоб шудаанд, ки дар ин вақт худи Завоҳирӣ дар он ҷой буд.
Маврид ба зикр аст, ки авоили моҳи августи соли 2021 толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи августи соли гузашта аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Феълан ягон давлате ин ҳукумати ин гуруҳро дар Афғонистон ба расмият нашинохтааст. Сабаби аслии кашолкорӣ дар машруъияти ин ҳукумат иҷро нагардидани ваъдаҳои додаашон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди риояи ҳуқуқи инсону ташкили ҳукумати ҳамашумул гуфта мешавад.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар