ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон то даҳаи охири моҳи август беш аз 1,2 миллион тонна ангишт истихроҷ гардид, хабар дод "Ховар" аз қавли сармутахассиси Раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Муҳиддин Давлатов.
Ба иттилои Давлатов, ин нишондод дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 137 ҳазор тон зиёд мебошад.
Ӯ афзудаст, ки соли равон нақшаи истихроҷи ангишт бо назардошти талаботи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва корхонаҳои саноатӣ зиёда аз 2,7 миллион тонна пешбинӣ шудааст. Аз ин ҳаҷми истихроҷ зиёда аз 1 миллиону 400 ҳазор тонна ба фурӯш бароварда мешавад.
Таъкид гардидаст, ки барои Маркази барқу гармидиҳии Душанбе ба миқдори 448 ҳазор тонна ангишт захира гардид, ки талаботи солонаи ин иншоот дар шаш моҳ 1 миллион тонна пешбинӣ шудааст.
Ба итилои Давлатов, соли ҷорӣ бинобар афзоиши ҳаҷми истихроҷи ангишт бори аввал дар ҷумҳурӣ беш аз 308 ҳазор тонна ангишт ба хориҷи кишвар содир шудааст.
Аз ҷумла ба Афғонистон беш аз 197 ҳазор тонна, Покистон наздик ба 110 ҳазор тонна ва ба Ӯзбекистон 1,5 ҳазор тонна содирот карда шудаст.
Феълан дар бахши истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон 14 корхона, аз ҷумла корхонаҳои ангишти "Фон-Яғноб", "Комбинати металлургии Тоҷик", "Зиддӣ", "Талко Ресурс", "Қудрат", "Вена", "Тоҷагропромэкспорт", "Ширкати алюминийи Тоҷик" ва ғайра фаъолияти истеҳсолӣ доранд, ки аз онҳо 4 корхона давлатӣ буда, боқимонда хусусӣ мебошанд.