Медведев аз тағйири Қонуни муҳоҷират хабар дод

Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ахиран гуфт, ки ба наздикӣ дар Русия Қонуни муҳоҷират мавриди тағйироти ҷиддӣ қарор хоҳад гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 авг – Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар моҳи сентябри соли равон ҷаласаи Шӯрои амниятро дар бораи мушкилот дар сиёсати муҳоҷиратии Русия баргузор мекунад, гуфт дар ин бора Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия.
Оқои Медведев ёдовар шуд, ки дар ҳоли ҳозир "тарҳи қавонини фарогир" омода мешавад, ки шароити будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар Русия танзим мекунад.
“Моҳи сентябри соли равон ин масоил дар ҷаласаи бузурги Шӯрои амният, ки ба сиёсати муҳоҷиратӣ бахшида мешавад, пешниҳод хоҳанд шуд. Бинобар ин лоиҳаи нави қонуни фарогир омода мешавад, ки бояд шароити вуруд, хуруҷ ва будубоши хориҷиёнро дар Русия танзим намояд”, - шарҳ дод Дмитрий Медведев.
Путин барои Ғарб буҳрони муҳоҷиратӣ пешгӯӣ кард
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ҳанӯз моҳи апрели соли ҷорӣ дар бораи ин тарҳи қонунро эълон карда буд. Сипас тавзеҳ дод, ки вай аз таъсиси феҳристи ягонаи маълумот дар бораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия ворид мешаванд, ҷонибдорӣ мекунад ва ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки созишномаҳои байналмилалии мавҷударо таҳлил карда, "мутобиқати онҳо ба ин қонун тағйирот ворид намоянд".
Дмитрий Медведев дар соли гузашта низ дар бораи зарурати тағйири сиёсати муҳоҷират гуфта буд. Вай дар суҳбатҳояш ба афзоиши ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирон низ ишора карда буд.