ДУШАНБЕ, 27 авг – Sputnik. Дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии “Кӯлоб-2022” 15 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, технологияҳои иттилоотӣ ва ғайраҳо ба имзо расид, иттилоъ додааст Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.
Дар Форуми байналмилалии иқтисодии “Кӯлоб-2022” беш аз 300 нафар иштирокчиён, аз ҷумла роҳбарону масъулони мақомоти давлатӣ, сармоягузорон аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Туркия, Қазоқистон ва доираҳои соҳибкории шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок карданд.
Нимаи дуюми рӯз кори форум дар 3 панел, аз ҷумла “Рушди соҳаҳои саноат дар вилояти Хатлон бо таваҷҷуҳ ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат”, “Имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа дар вилояти Хатлон” ва “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ заминаи устувори рушди иқтисодиёти минтақа” идома меёбад.
Ҳамчунин дар форум навори видеоӣ дар бораи имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии вилояти Хатлон ба намоиш гузошта шуда, иштирокчиён аз фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ ва МОИ “Кӯлоб” боздид ва шиносоӣ намуданд.