Афзоиши содироти барқ Тоҷикистон. Афғонистон нахустин харидор аст

Содироти барқи Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар дар моҳҳои январ-июли соли равон нисбат ба замони мушобеҳи соли 2021 афзоиш дошта, ба 64,5 миллион доллар расидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июли соли равон ба маблағи беш аз 64,5 миллион доллар ба хориҷ барқ содир карда, ки нисбат ба замони мушобеҳи соли гузаштаи 17,2 дарсад бештар аст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории “Форс”.
Масрафкунандаи аслии барқи Тоҷикистон Афғонистон аст ва Ӯзбекистон низ бо ҳаҷми нисбатан камтаре барқи тоҷикро харидорӣ мекунад.
Бар асоси қарордодҳои имзошуда Афғонистон барои ҳар киловатт соъат барқи Тоҷикистон 4,67 сент Ӯзбекистон 2 сент пардохт мекунад.
Таруфаи поин барои Ӯзбекистон ба ин далеласт, ки Тоҷикистон низ ба навбаи худ гази табии ин кишварро бо қимат коҳиш ёфта дарёфт мекунад.
Қарзи ширкати “Брешно”-и Афғонистон дар назди Тоҷикистон ба 33 миллион доллар расид
Пеш аз ин, дар оғози моҳи ҷорӣ мудирияти ширкати "Барқи тоҷик" гузориш дода буд, ки мавориди таълиқи барқ ба далели мушкилот дар шабакаҳои барқи Афғонистон дар соли ҷории нисбат ба солҳои гузашта коҳиши чашмгире дошта аст .
Дар ҳамин ҳол, ширкати “Брешно”-и Афғонистон ба ширкат "Барқи тоҷик" 28 миллион доллар бидеҳкор шудааст.
Муҳамадумар Асозода, мудири ширкати “Барқи тоҷик” дар нишасти матбуотӣ дар аввали моҳи август бидеҳии тарафи афғон аз ин ширкатро бо мушкилоти марбут ба интиқоли маблағ аз ҳисобҳои ширкати “Брешно” дар банкҳои Афғонистон муртабит донист ва гуфт ки тарафи Афғонистон дар талоши рафъи ин мушкилот аст.
Бино бар ин суханони вай, дар моҳи июли имсол ширкати “Брешно”-и Афғонистон ба ҳисоби ширкати “Барқи тоҷик” 2 миллион доллар мунтақил карду кор дар ин замина идома ва қарз марҳала ба марҳала пардохт мешавад.