ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Президенти Руси, Владимир Путин аз эътимоди беш аз 81%-и шаҳрвандони кишвари таҳти ҳимояаш бархурдор аст.
Дар ин бора Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори умум бо такя ба натиҷаҳои назарпурсии ахираш хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, беш аз 78%-и пурсидашудаҳо аз фаъолияти Владимир Путин дар мақоми президентӣ ҳимоят мекунанд.
Дар зимн аз кори сарвазир, Михаил Мишустин ва ҳукумати Русия мутаносибан 52,6% ва 50,9% ҷонибдорӣ мекунанд.
Таъкид шудаст, ки назарпурсии мазкур аз 15 то 21 август аз тариқи телефон бо 1600 русиягии аз 18-сола боло гузаронда шуда, эҳтимоли иштибоҳ дар он аз 1% зиёд нест.
Ин дар ҳолест, ки ахиран мудири кулли Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори умум Валерий Фёдоров гуфт, сатҳи дастгирии аҳолии Русия аз амалиёти вижаи низомӣ дар Украина то ба 75% расид.
Ба иттилои ӯ, аз аввали амалиёти низомӣ дар Украина, бархе сокинони Русия назарашонро дар мавриди амалиёт тағйир додаанд.
"Муносибат ба амалиёти вижа аз охири моҳи феврал то нимаи моҳи март ташаккул ёфт. Мо бо таносуби тақрибан 65% ҷонибдорӣ ва 25% мухолифат оғоз кардем. Ин натиҷаи пурсиши 25 феврал аст" - гуфт Фёдоров.
Ӯ афзуд, ки баъдан ҷонибдорон ба 74-75% ва мухолифон ба 15-17% расиданд ва феълан тағироти ҷиддие дар ин таносубҳо дида намешавад.