Лоиҳа дар ҳукумат: то 30%-и нақлиёт дар Тоҷикистон бояд барқӣ шавад

Мақомдори Вазорати нақлиёти Тоҷикистон тарҳи барномаи 5-солаи рушди нақлиёти барқиро, ки феълан дар баррасии ҳукумат аст, тавзеҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Мақомоти тоҷик азм доранд, дар солҳои наздик ҳиссаи мошинҳои барқиро дар ҷумҳурӣ то 20-30%-и теъдоди умумии нақлиёт расонанд.
Содиқҷон Нуралихонзода, мутахассиси раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ин иқдом дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2027 дар назар дошта шудаанд. Таъкид шуд, ки тарҳи мазкур барои баррасӣ ва тасдиқ ба ҳукумат пешниҳод шудаанд.
"Дар лоиҳа воридоти бештар, фароҳам овардани рушди инфрасохтор, бахши васлсозии ин қабил мошинҳо ва таҳкими он ҳамчун як бахши нав дар иқтисоди кишвар дар назар аст. Муҳимтар аз ҳама зиёд кардани ҳиссаи ин мошинҳо дар сохтори умумии нақлиёти кишвар аст", - гуфт ӯ.
Воридоти мошин ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
Нуралихонзода бо такя ба мақомоти умури дохилӣ, изҳор дошт, ки феълан дар ҷумҳурӣ 527 ҳазор нақлиёт расман сабти ном шудааст. Аммо ҳиссаи ками онро нақлиёти барқӣ ташкил медиҳад.
Мақомдори Вазорати нақлиёт аз ҷумла иттилоъ дод, ки дар 7 моҳи соли ҷорӣ 240 адад мошини барқӣ ворид шудааст. Ин нишондиҳанда соли 2021 танҳо 20 адад буд, афзуд ӯ.
Тоҷикистон ҳамзамон барои рафъи ҳавои олуда, барои воридкунандагони худравҳои барқӣ сабукиҳо, аз ҷумла озодӣ аз пардохти боҷи гумрукиро пешкаш кардаст.
Ахиран Азим Иброҳим, вазири нақлиёти кишвар низ гуфт, ки ҳар сол ба кишвар аз хориҷа бо маблағи аз 800 млн то 1 млрд доллар маводи сӯзишворӣ ворид мегардад. Дар ҳоле ки ба гуфти ӯ зарфиятҳои истеҳсоли барқ ва истифода аз мошинҳои барқӣ дар кишвар хеле зиëд аст.