Сенатори собиқ: Украина бо қатли Дугина мехоҳад Русияро ба истифода аз нерӯ таҳрик кунад

Сенатори собиқи амрикоӣ ба ин назар аст, ки қатли Дугина дар Русия боиси таҳрики ин кишвар ба ҷанги бештар дар Украина мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Шӯрои амнияти Украина талош дорад, Ҳукумати Русияро ба истифодаи фақулоддаи нерӯ дар ин кишвар таҳрик кунад, гуфт дар суҳбат бо РИА “Новости” сенатори собиқи ИМА аз Иёлоти Вирҷиния Ричард Блэк.
Ба гуфтаи вай аз ҷумла мақомоти Украина талош дорад бо шеваҳои мухталифе Русияро ба анҷоми амалиёти бештар дар ин кишвар таҳрик кунад, ки куштори Дария Дугина ба унвони яке аз ин шеваҳо арзёбӣ мешавад.
“Шубҳа надорам, ки Дугина аз сӯйи хадамотҳои махсуси Украина ба қатл расонидааст”, - илова кард ӯ.
Блэк ҳамчунин гуфт, ки худи ӯ яке аз 72 нафаре аст, ки дар феҳристи сиёҳи ҳукумати Украина қарор дорад. Киев ӯро ҳамчун “мубаллиғи Русия” медонад.
Байден аз ихтисоси бузургтарин бастаи кумаки низомӣ ба Украина хабар дод
"Дар рӯйхат 72 нафар ҳастанд ва ҳамаашон украинӣ нестанд, онҳо афроди хориҷӣ ҳастанд. Ман яке аз онҳо ҳастам ва дар феҳрасти душмани Украина қарор дорам", - гуфт сиёсатмадор.
Рӯзноманигор ва сиёсатшинос Дария Дугина шоми 20 август бар асари таркиши мошин дар шоҳроҳи Можайск дар ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав ба ҳалокат расид.
Хадамоти амнияти федеролии Русия хабар дод, ки дар паси куштори хонум Дугина хадамоти вижаи Украина истодааст ва гунаҳгор дар ин ҳодиса шаҳрванди Украина Наталя Вовк будааст, ки рӯзи 23 июл ҳамроҳи духтараш вориди Русия шудааст.
Ба гуфтаи Хадамоти амнияти федеролии Русия, пас аз таркиши мошин, Наталя Вовк бо духтараш тавассути вилояти Псков ба Эстония фирор кардааст.