ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Раҳбарияти ноҳияи Ашт тасмим гирифтааст, ки омӯзгорони маҳаллиро барои ҳар як медали шогирдонашон мукофот диҳад, хабар медиҳад дафтари матбуотии ҳукумати ноҳия.
Ба гуфтаи раиси ноҳияи мазкур Шӯҳрат Муҳаммадзода, барои ин маблағҳои махсус ҷудо карда мешавад.
Ҳамин тариқ омӯзгороне, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои гуногун ҷойҳои ифтихориро ишғол мекунанд, мукофот мегиранд.
"Омӯзгоре, ки шогирдаш барандаи медали тиллои олимпиада мешавад, 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегирад. Барои ҷои дуюм - медали нуқра, омӯзгор 5 ҳазор сомонӣ, барои медали биринҷии шогир - 3 ҳазор сомонӣ ба устодаш дода мешавад", - афзудааст, манбаъ.
Дар баробари ин раиси ноҳия гуфт, муассисаҳои таълимӣ, ки дар онҳо синфхонаҳои иловагӣ сохта мешаванд, низ метавонанд кумаки якдафъаина дарёфт кунанд.
Роҳбарият ӯҳдадор шуд, ки ба директорон ва масъулони мактабҳое, ки дар онҳо биноҳои нав бо иштироки соҳибкорону хайрхоҳон сохта мешаванд, пардохти маблағро ташкил намояд.
Маврид ба зикр аст, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Ашт се мактаб — рақамҳои 36, 65 ва 7 сохта шуда, ҳамзамон зиёда аз 40 синфхонаи иловагӣ дар муассисаҳои гуногун ба истифода дода шуд.