Гуфта мешавад, тамоми шароити омӯзишу варзиш дар мактаби русӣ дар вилояти Суғд фароҳам хоҳад шуд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз ҷараёни сохтмони мактаби русӣ ошно шуд.
Ҳоло беш аз 400 бинокору сохтмончиҳо шабурӯз кор мекунанд то иншооти мазкур дар вақти пешбинишуда ба истифода супорида шавад.
Бино ба гуфти сохтмончиҳо ин мактаб аз чаҳор блок ва се ошёна иборат буда, дар канори он майдони футбол, волейбол, баскетбол ва дигар намудҳои варзиш мавҷуд мебошад. Дар дохили мактаб бунёди толори зимистонаи варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ низ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳукумати шаҳри Хуҷанд барои бунёди ин мактаб як соли пеш аз ҳудуди маҳаллаи 8 уми шаҳр чанд наздик ба 3 га замин ҷудо намуда буд.
Мактаби муосири русӣ дар Хуҷанд яке аз панҷ мактабе аст, ки аз ҷониби Русия дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб Турсунзода сохта шудааст.
Ҳар кадом чунин мактабҳо товони қабули беш аз 1200 хонандаро доранд.
Чанде пеш Алексей Оверчук, муовини сарвазири Федератсияи Русия гуфта буд, ки ин кишвар барои сохтмони чунин мактабҳо 150 миллион доллар маблағ ихтисос додааст.