Пинҳонӣ аз соҳибон хонаҳои иҷораро мефурӯхтанд: боздошти ду ҷавонзан дар Душанбе

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ду ҳолати қаллобиро ифшо кардааст, ки дар ҳар ду маврид ҳам ба сокинони Душанбе зарари бузурги молӣ расидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Дар Душанбе як марди солхӯрдаву ду зани ҷавоне дастгир шуданд, ки хонаҳоро нахуст иҷора гирифтаву пас аз он мефурӯхтаанд.
Бино ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, боздоштшудаҳо, марди 72-сола ва занҳои 32 ва 28-солаи буда, нахуст сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахтро ба домашон афтонидаанд.
Сокини 35-солаи пойтахт зимни шикоят ба мақомот гуфтааст, ки ин афрод манзилаш воқеъ дар кӯчаи Зарафшонро ба иҷора гирифта, ғайриқонунӣ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ намуда, ба маблағи 220 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда фурӯхтаанд.
Наздик ба 800 ҳазор долларро гирифту ғайб зад: таҳқиқи ҳолати қаллобӣ аз сӯйи пулис
Ин ниҳод мегӯяд, ҳамзамон ба ШВКД бо ариза марди 28-солаи сокини дигари пойтахт низ бо чунин мушкил муроҷиат намуд.
Ӯ гуфтааст, ки “Муҳаё” ном шахс бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ хонаи ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Соҳилии шаҳри Душанберо ба маблағи 170 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда, хонаро ба дигар нафар ба маблағи 140 ҳазор сомонӣ ғайриқонунӣ фурӯхтааст.
ВУД мегӯяд, дастгиршудаҳо дар содир намудани ҷиноятӣ қаллобӣ меттаҳам шуда, оид ба ин ҳолатҳо тафтишот идома дорад.
Феълан назари дастгиршудаҳо ва ҷониби ҳимояашон равшан нест.