ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Комиссияи зиддикоррупсионии Давлати Фаластин Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар робита ба муқовимат бо коррупсия ба имзо расид, иттилоъ додааст Агентии зидди фасоди кишвар.
Таъкид шудааст, ки санади мазкурро Директори Агентӣ Сулаймон Султонзода ва Раиси Комиссияи зиддикоррупсионии Фаластин Роид Муҳаммад Радван ба имзо расониданд.
“Ба роҳ мондан ва таҳкими ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ дар муқовимат бо коррупсия буда, ба имзо расонидани ёддошти мазкур заминаи мусоид барои рушди ҳамкории минбаъда бо Давлати Фаластин мебошад”, - қайд кардаанд масъулинӣ Агентӣ.
Бояд гуфт, ки ҳадафи имзои ёддошти тафоҳум муайян намудани самтҳои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи муқовимат ба коррупсия буда, барои андӯхтани тарҷибаҳои илмӣ-амалӣ дар ин самт равона гардидааст.
Ҳамзамон тибқи иттилои манбаъ ҳайати Фаластин баъд аз имзои созишнома бо дастовардҳои Агентӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла дастовардҳои илмӣ-амалӣ, китобхона, толорҳои баргузории ҷаласаҳои васеъ ва шароити фаъолияти кормандони Агентӣ шинос шуданд.