ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Русия дар пасманзари вазъияти Афғонистон тавони ҷангии пойгоҳҳояш дар Тоҷикистон ва Қирғизистонро тақвият мебахшад, изҳор дошт вазири мудофиаи ФР Сергей Шойгу.
Ӯ зимни ҳамоиши вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай аз хатарҳои бархоста аз Афғонистон ҳушдор дод.
"Аз ҷониби худ омодагии ҷангии пойгоҳҳои низомӣ дар Қирғизистону Тоҷикистон ва дигар нерӯҳои вокуниши фаврӣ дар ҳолатҳои буҳрониро тақвият мебахшем", - изҳор дошт Шойгу.
Ба гуфтаи вазири дифои Русия чолиши асосӣ барои амнияти Осиёи Марказӣ ҳамоно амният дар Афғонистон боқӣ мемонад, ки созмонҳои террористӣ ба монанд ДИИШ* ва "Ал-Қоида"* дар он ҷо фаъол шудаанд.
"Дар пасманзари идомаи даргириҳои мусаллаҳона вазъи иқтисодӣ - иҷтимоӣ низ бад шуда, идеологияи ифротии динӣ таъмил шуда истодааст, ҷинояткории фаромиллию қочоқи маводи мухаддир зиёд шудааст", - гуфт вазир.
Вай таъкид намуд, ки Русия ҳама гуна ташаббусҳои байналмилалиро барои танзими масъалаи Афғонистон ҷонибдорӣ мекунад, аммо дар зимн барои таъмини амният дар Осиёи Марказӣ низ чораандешӣ мекунад.
Шойгу гуфт, ки мулоқотҳо дар масоили Афғонистон ва роҳҳои ҳалли он, аз ҷумла миёни мақомоти мудофиаи кишварҳои узви СҲШ низ ба фоидаи кор аст.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар