Володин гуфт, чаро Зеленский аз мурофиаи ҷангиёни украинӣ метарсад

Раиси Думаи давлатии Русия далели тарси роҳбарони Киев аз мурофиаи низомӣ - трибунали ҷангиёни Украинаро ба фармонҳои додаашон рабт дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Трибунали ҷангиёни нерӯҳои Украина ба зудӣ оғоз мешавад, хабар дод раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин дар саҳифааш дар "Telegram".
Ӯ гуфт, ҷинояткорони ҷангие, ки "аҳолии осоиштаи Донбассро кушта, таҷовуз карданд ва дар тарсу ҳарос нигоҳ доштаанд" бояд дар додгоҳ ҷавоб гӯянд.
Дар зимн раиси Думаи давлатии Русия муҳим хондаст, ки мурофиаи додгоҳии ҷангиёни украинӣ ба таври кушод баргузор шавад.
Вай таъкид намуд, ки ҳама мунтазири трибунал ҳастанд, ба ҷуз Зеленский, ки инро ғайриқобили қабул медонад ва онро "ҳадди ниҳоӣ" дар масъалаи даст кашидан аз музокирот бо Русия арзёбӣ намудаст.
Мақомдори Русия далели чунин мавқеъгириҳои Зеленскийро тавзеҳ дод.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Назари русиягиҳо ба амалиёти низомӣ дар Украина: Кӣ мавқеашро тағйир дод?
"Ӯ ва режими Киев чизе ҳарос доранд ва бесабаб нест. Маҳз ӯ ва атрофиёнаш фармон медиҳанд, ки мардуми осоишта - пиронсолон, занон, кӯдаконро бомбаборон кунанд, кушанд", - гуфт Володин.
Вай таъкид намуд, ки маҳз барои ин Зеленский талош дорад, трибунал нашавад ва дар сурати баргузории он бо даст кашидан аз музокирот таҳдид дорад.
Ӯ аҳамияти баргузории мурофиаро дар он гуфт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд аз "ҷиноятҳои режими Киев алайҳи башарият" огоҳ бошад.
Ахиран дар пайи таҳдиди Зеленский, Денис Пушилин, роҳбари Ҷумҳурии Халқии Донетск, изҳор дошт, нияти таъхири трибунали байналхалқии ҷинояткорони ҳарбиро надоранд.