ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Сатҳи дастгирии аҳолии Русия аз амалиёти вижаи низомӣ дар Украина то ба 75% расид, хабар дод РИА "Новости" аз қавли мудири кулли Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори умум Валерий Фёдоров.
Ба иттилои ӯ, аз аввали амалиёти низомӣ дар Украина, бархе сокинони Русия назарашонро дар мавриди амалиёт тағйир додаанд.
"Муносибат ба амалиёти вижа аз охири моҳи феврал то нимаи моҳи март ташаккул ёфт. Мо бо таносуби тақрибан 65% ҷонибдорӣ ва 25% мухолифат оғоз кардем. Ин натиҷаи пурсиши 25 феврал аст" - гуфт Фёдоров.
Ӯ афзуд, ки баъдан ҷонибдорон ба 74-75% ва мухолифон ба 15-17% расиданд ва феълан тағироти ҷиддие дар ин таносубҳо дида намешавад.
"Дар ин муддат ҳудуди 10 дарсади пурсидашудагон мавқеъи худро иваз карданд, онҳое, ки мухолиф буданд ва ё дар ҷавоб додан душворӣ кашида буданд, ба мавқеи пуштибонӣ гузаштанд”, - мудири Маркази омӯзиши афкор.
Вай тавзеҳ дод, ки дар ҳоли ҳозир баҳогузории русиягиҳо ба амалиёти низомӣ ташаккул ёфта, ҳама мавқеи худро гирифтаанд ва ба ин мавқеъ пойбанд мондаанд.
"Ҷанги иттилоотӣ, ки бо суръат идома дорад, ин таносубро куллан тағйир намедиҳад", - таъкид кард Фёдоров.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.