Ба гуфтаи Янис Ланге, мудири иҷроияи Рига, маҷассамаи 79-метрӣ "комилан тахриб мешавад", иттилоъ додааст "Baltnews".
Имрӯз ба назди муҷассама таҷҳизот интиқол медиҳанд то оби атрофи онро хушк намоянд, сипас корҳои омодагӣ ба тахриби таҳхонаи муҷассама оғоз мегардад.
Ланге гуфт, ки барои тахриби муҷассамаи ёдгорӣ майдони махсусӣ сохтмонӣ таъсис дода мешавад.
Парлумони Латвия қаблан қонунеро ба тасвиб расонд, ки тибқи он амали як банди созишномаи байниҳукуматӣ бо Русия дар бораи ҳифзи ёдгориҳои даврони шӯравӣ дар ин кишварро мутаваққиф мекунад,.
Ин иқдом ба Латвия имкон медиҳад муҷассамаи озодибахшони Ригаро тахриб намояд.
Дар нимаи моҳи май Шӯрои шаҳри Рига барои вайрон кардани муҷассамаи озодбахшони Рига раъй доданд.