ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Мақомоти Қирғизистон дастур гирифтаанд, ки барои интиқоли ҷасади қурбониёни садамаи мудҳиш дар вилояти Улянов парвози махсусро ташкил кунанд. Феълан маълум аст, ки миёни 16 куштаи садама, 14 нафарашон шаҳрвандони Қирғизистон мебошанд.
Ба иттилои сухангӯи президенти Қирғизистон, Эрбол Султонбоев, ҷасади қурбониёни садама дар Улянов бо дастури президент Содир Ҷабборов тавассути ҳавопаймои махсус ба Ватан интиқол меёбад.
"Президент ба Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ ва фурудгоҳи байналмилалии “Манас” дастур дод, ки ташкили як ҳавопаймои махсус барои интиқоли ҷасади қурбониёни садама дар вилояти Улянов ба Қирғизистонро таҳия кунанд. Мо ба хонаводаи қурбониён изҳори таслият мекунем”, - гуфт сухангӯи президент.
Маврид ба зикр аст, ки бархӯрди мошини боркаш бо автобуси хурди мусофирбар 21 август замоне рух дод, ки мошини ҳомили мусофирон дар навбат барои роҳи риверсӣ истода буд.
Таъкид мешавад, ки мошини боркаш саривақт наистод ва дар натиҷа мусофирбар дар байни ду мошини борбар пачақ шуд. Теъдоди ҳалокшудагон 16 нафар гуфта мешавад.
Сабаби ин ҳодисаи нохушро Раёсати ВУД дар ноҳияи Уляновский ба ноуҳдабароии як ронандаи боркаш рабт дод.
Феълан Кумитаи тафтишотии Русия аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, тафтишот идома дорад.