ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, ки аз раҳбари Украина Владимир Зеленский сахт нигарон аст. Суханони ӯро телевизиони давлатии "Ulusal" овардааст.
Ҳамин тавр, Эрдуғон зимни боздид аз хоҷагии деҳқонии шаҳри Маниса гуфт, ки дар атрофи раисиҷумҳури Украина афроди зиёде ҳастанд, ки ӯро фиреб медиҳанд.
"Зеленский хеле нигарон аст. Онҳое ҳастанд, ки ӯро бисёр фиреб медиҳанд", - гуфт Эрдуғон дар посух ба суоли яке аз деҳқонон, ки аҳволи раҳбари Украинаро пурсид.
Ёдовар мешавем, ки президенти Туркия рӯзи 18 август дар Лвов бо Зеленский мулоқот кард. Сарони давлатҳо бо иштироки дабири кулли СММ Антониу Гутерриш музокироти сеҷониба анҷом доданд, ки дар натиҷа Киев ва Анқара созишнома дар бораи барқарорсозии зерсохтори харобшудаи Украинаро имзо карданд.
Қобили зикр аст, ки аз оғози амалиёти вижаи Федератсияи Русия дар Украина Зеленский чанд мансабдори давлатиро барканор кард. Дар миёни онҳо додситони кулл Ирина Венедиктова ва раиси Хадамоти амнияти кишвар Иван Баканов низ ҳастанд.
Ғайр аз ин, вай тафтиши фаъолияти Хадамоти амнияти Украинаро ташкил кард. Қаблан дар расонаҳо маълумоте пайдо шуда буд, ки Зеленский ният дорад генерал-майор Валерий Залужнийро аз мақоми сарфармондеҳи Қувваҳои усаллаҳи Украина барканор кунад. Ҷои ӯро фармондехи қушунҳои хушкигард Александр Сирский метавонад ишғол кунад.