ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва 20-солагии таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 5–6 октябри соли равон дар Душанбе Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии баргузор мешавад, иттилоъ додааст Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Ҳадафи асосии конференсия “Бехатарии обӣ – асоси рушди устувор” мусоидати дар ҳалли мушкилоти бехатарии обӣ, таъмини рушди устувор дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим, маҳсуб мешавад.
Ҳамчунин ҳадафи ин конфронс ҳифз ва истифодаи объектҳои обӣ ва гидроэнергетикаву манбаъҳои аз нигоҳи экологӣ тозаи энергия тавассути тавсеаи ҳамкорӣ, табодули иттилоот, дониш ва таҷриба мебошад.
Хабар дода шудааст, барои иштирок дар кори конфронс олимону коршиносони соҳаҳои захираҳои об, иншооти гидротехникӣ, гидрометеорология, гидроэнергетика, экология, бехатарии ҳаёт ва ҳолатҳои фавқулода, инчунин аспирантҳо, докторантҳо (PhD) ва магистрҳо даъват мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 21 декабри соли 2016 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи қабули Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028-ро қабул намуд.