Мақоми 29-уми Тоҷикистон дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ

Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия ҷамъбаст гардида, бозиҳои навбатӣ ё 6-ум дар пойтахти Камерун баргузор мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Ҳайати олимпии Тоҷикистон иборат аз 46 варзишгар аз рӯи 8 намуди варзиш дар 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Туркия ширкат карда, сазовори 8 медал гардид.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, варзишгарони тоҷик тавонистанд, дар ин мусобиқа 3 медали нуқра ва 5 биринҷӣ гиранд.
Манбаъ зикр намуд, ки медалҳои нуқраро дар варзиши сабук Илдар Аҳмадиев дар мусобиқаи ҷаҳиш ба дарозӣ, дар пара-тенниси рӯи миз Екатерина Ишенко, дар ҷудо Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кило ба даст оварданд.
Медалҳои биринҷиро дар куштии юнонӣ-римӣ Асламҷон Азизов дар вазни -55кг, Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни -63кг, дар ҷудо Шодмон Ризоев дар вазни -81кг, Абубакри Акобир дар вазни -100кг ва тими ҷудои Тоҷикистон дар сабқати даставӣ соҳиб шуданд.
Сӣ соли шуҳрат. Федератсияи таэквондо ва кикбоксинги Тоҷикистон солгардашро таҷлил мекунад
Тоҷикистон бо 3 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ миёни 54 кишвари иштирокчӣ дар ҷои 29-ум мавқеъ гирифт.
Дар 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз рӯи ҳисоби медалҳо кишвари мизбон – Туркия бо 341 медал - 45 тилло, 107 нуқра, 89 биринҷӣ ҷои аввал гирифта, дар пайаш Ӯзбекистон бо 158 медал ва Эрон бо 133 медал қарор гирифтаанд.
Дар даҳгона, ҳамчунин, Озарбойҷон (99), Қазоқистон (89), Марокаш (62), Индонезия (56), Қирғизистон (32), Баҳрайн (23), Алҷазоир (42) ҷой гирифтанд. Умуман, варзишгарони 44 давлат соҳиби медал, аз ҷумла 28 давлат соҳиби медали тилло шуданд.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон зикр намуд, ки Бозиҳои 6-уми ҳамбастагии исломӣ соли 2025 дар пойтахти Камерун – шаҳри Йоунде доир хоҳанд шуд.