ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Ҳаводиси соли равон дар Тоҷикистон талоши Ғарб барои баргузории инқилоби ранга буд, изҳор дошт Николай Петрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия.
Ӯ зимни ҳамоиши дабирони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Тошканд нооромиҳои ахир дар Қазоқистон ва Ӯзбекистонро низ қасди инқилоб унвон кардааст.
"Ҳаводис дар Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар соли равон - ин натиҷаи талоши Ғарб барои ташкили "инқилобҳои ранга" дар он ҷо мебошад", - изҳор дошт Патрушев.
Ӯ дар зимн таъкид намудаст, ки Ғарб ҳанӯз ҳам омодагӣ барои задухӯрди ошкорои мусаллаҳона бо Русияро қатъ накардааст. Аз коркарди қисмҳои таркибии силоҳи кимиёӣ дар қаламрави Украина дар наздикии марзҳои Русия зикр шудаст.
Маврид ба зикр аст, ки соли равон се кишвари зикршуда шоҳиди нооромиҳо гардида буданд, ки аз ҳамоиши эътирозӣ оғоз шуда, баъдан ба маргу хунрезӣ печиданд.
Феълан дабирони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви СҲШ барои иштирок дар нишасти 17-уми солонаашон дар шаҳри Тошканд қарор дошта, масоили мубрами амниятӣ дар минтақаро баррасӣ доранд.
Дар доираи ин чорабинӣ Патрушев бо Насрулло Маҳмудзода, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон мулоқоти дуҷониба дошта, масоили мухталиф, аз ҷумла фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистонро баррасӣ намудаанд.