ДУШАНБЕ, 19 авг – Sputnik. Иёлоти Муттаҳида эълон кардааст, ки эҳтимол дорад, Киев барои ҳамла ба Қрим аз аслиҳае, ки ба артиши Украиана супурда шудааст, истифода намояд, навиштааст дар ин бора нашрияи Politico дар истинод ба намояндаи баландпояи мақомоти ИМА.
"Мо (Иёлоти Муттаҳида) ҳадафҳоро интихоб намекунем, албатта, ҳама чизе, ки мо дар ихтиёри артиши Украина гузоштаем, барои дифоъ аст. Ҳар як ҳадафе, ки дар қаламрави Украина интихоб мешавад, ба хотири дифоъ аст. Қрим қисми Украина аст", - гуфтааст манбаъ.
Рӯзи чаҳоршанбе вазири дифоъи Украина Олексей Резников дар мусоҳиба бо "Садои Амрико" гуфт, ки Киев истифодаи силоҳ амрикоиро барои ҳамла ба Қримро истисно намекунад.
Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.