ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Дар қаламрави Тоҷикистон поинравии қимати пиёз мушоҳида мешавад, ки дар қиёс ба соли гузашта тақрибан 4 баробар гарон шудааст, иттилоъ додааст Sugdnews.
Ҳоло як кило ин сабзавот дар бозору фурӯшгоҳҳои бузурги шаҳри Хуҷанд бо қимати 4-4,50 сомонӣ фурӯхта мешавад, дар ҳоле ки ду ҳафта пеш қимати он 7 - 8 сомониро ташкил медод.
Ба иттилои манбаъ, нархи ҳадди ақали пиёз дар баъзе ноҳияҳо то 3,30 сомонӣ мушоҳида мешавад вале нархи миёнаи он дар бархе минтақаҳо 5,22 сомонӣ ва баландтаринаш ба 8,00 сомонӣ баробар шудааст.
Қимати пиёз дар шаҳрҳо ва минтақаҳои бузург чунин аст:
Исфара - 3,30 сомонӣ;
Ҳисоор - 3,54 сомонӣ;
Ҷайҳун - 3,80 сомонӣ;
Қубодиён и Панҷакент - 4,40 сомонӣ;
Хуҷанд – 4,80 сомонӣ;
Душанбе, Бохтар и Истаравшан - 5,00 сомонӣ;
Кӯлоб - 5,60 сомонӣ;
Қушониён и Рашт - 6,00 сомонӣ;
Ишкошим - 6,50 сомонӣ;
Хоруғ - 7,00 сомонӣ;
Мурғоб - 8,00 сомонӣ.
Тибқи иттилои Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, имсол дар майдони беш аз 3,8 ҳазор гектар пиёз кошта шудааст.
Ҳамин тариқ, Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд хабар дод, ки то 1 август дар саросари вилоят беш аз 41,8 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ шудааст.
Қаблан раҳбарияти гумруки Тоҷикистон низ тавзеҳ дода буд, ки муваққатан содироти пиёз аз кишварро мамнӯъ эълон кардаанд. Маҳдудиятҳо то ба эътидол омадани нархҳо дар бозорҳои дохилӣ идома хоҳанд ёфт.